02:51 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
44641

Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои 2600 хонанда мактаби президентӣ ифтитоҳ кард, гузориш медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, корҳои сохтмонии иншоот соли 2006-ум оғоз шуда буд. Барои сохтмони он бештар аз 25 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст.

Иншооти мазкур дар масоҳати 2 гектар замин сохта шуда, бо системаи гармидиҳӣ, ки тариқи буғхонаи муосир фаъолият мекунад, таъмин аст.

"Таълимгоҳ аз 4 бино иборат буда, дорои 33 синфхонаи таълимист. Ҳамзамон муассиса дорои ошхона, толори маҷлисӣ, устохонаи таълимӣ, синфхонаҳои инкишофи кӯдакон, утоқҳо барои гузаронидани маҳфилҳо аст.  Ҳамзамон синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои химия, биология ва компютер пешбинӣ шуда, дар утоқҳои таълимӣ 10 адад тахтаи электронӣ насб гардидааст",- гуфта мешавад дар хабар.

Ба макатаби президентӣ 80 омӯзгор дар асоси озмун ба кор қабул карда шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи мактаб бо фаъолони шаҳри Хуҷанд мулоқот кард.

Ёдовар мешавем, кишвардори Тоҷикистон 16-уми ноябр бо мақсади ширкат дар маросимҳои тантанавӣ ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон ва ифтитоҳи як қатор созаҳои тозабунёд ба вилояти Суғд сафар кард.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, мактаб, Эмомалӣ Раҳмон, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ