23:43 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
51110

Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба сохтмончиёни вилоят ва ба роҳбарияти Ҳукумати вилояти Суғд шоҳҷоиза ва туҳфаи пулиро дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 18  ноя — Sputnik. Бино бар гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, кишвардор дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд  дар шаҳри Хуҷанд бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуда, бо сохтмончиён мулоқот кард.

Гуфта мешавад, раисҷумҳур нахуст дар намоишгоҳ  бо маҳсулоти сохтмонии корхонаҳо шинос шуда, зимни суҳбат бо намояндагони ширкатҳо онҳоро ба истеҳсоли молҳои босифати рақобатпазир ва воридотивазкунанда ҳидоят намуд.

Саноатчиён ва соҳибкорони муваффақи вилоят молу маҳсулоти гуногун, аз ҷумла намунаи фаршҳои рангаву пурнақшу нигор, дару тирезаҳо, мизу курсиҳо, ашёҳои мухталифи кандакоришуда, сутуну тахтасангҳои мармарӣ, хиштҳои ороишии аз сангҳои нодири Тоҷикистон омодашуда, чароғҳо, рангҳои сохтмонӣ, нақшу нигори аз гаҷ сохташударо ба Эмомалӣ Раҳмон пешкаш карданд.

Мавриди зикр аст, ки сокинони вилояти Суғд бо ҳунарҳои қадимаи хеш на танҳо дар кишвар, балки дар хориҷ маъруф ҳастанд. Имрӯзҳо маҳсули дасти устоҳои ҳунарманд ва муъҷизаофар дар тамоми намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба маъраз гузошта мешавад ва дар дохилу хориҷ харидорони зиёд доранд.

 Ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони вилояти Суғд бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва дастгириҳои арзишманди раисҷумҳур  дар роҳи рушди бахши хусусӣ даҳҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис додаанд.

Соҳибкорони вилоят иқдом гирифтаанд, ки минбаъд низ бо васеъ кардани иқтидору имконияти истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ ва бунёди коргоҳҳои нав баҳри пешрафти иқтисодиёти вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоранд.

Пас аз тамошои намоишгоҳи дастовардҳои корхонаҳои мухталифи саноатии вилоят раисҷумҳур дар ҳамин ҷо бо намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ, коргарону устоҳои чирадаст, ки дар азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе саҳми арзанда гузошт, мулоқот кард.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз номи худ ва аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли сохтмончиён, ки бо меҳнати арзанда ва шоистаи таҳсину офарин, Боғи устод Айниро аз нав эҳё карданд, изҳори сипоси бепоён намуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз  кишвардор дар вазъияти тантанавӣ ба сохтмончиёни вилоят ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шоҳҷоиза ва туҳфаи пулиро дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ тақдим карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии бунёду азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, сохтмони майдончаҳои муосири варзишӣ ва ободонии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид. Аз руйи натиҷаи озмун ҷойи аввал ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ мансуб дониста шуд.

Барчаспҳо:
ҷоиза, Абдураҳмон Қодирӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ