21:14 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Экс-директор Нацбиблиотеки выставил фото сотрудников антикоррупции

Ҳам ош хӯрданд, ҳам навор гирифтанд: Назарзода бархе масъулинро бесаводу беадолат гуфт

© Фото : Официальный сайт Сайфиддина Назарзода
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
49201

Мудири пешини Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода менависад, "мақомоти дахлдор барои ба ҷо овардани нақшаву барномахои тақвимии хеш дар татбиқи Қонуни миллӣ, яъне татбиқи Қонуни танзим ба таври нодуруст ва ғайриқонунӣ амал карда, оддитарин ҳуқуқҳои шаҳрвандии моро поймол менамоянд"

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Мудири пешини Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода дар саҳифаи шахсиаш  поёме  бо номи "Асрори як мурофиа" навишта,  қазияи муттаҳам шуданашро дар нақзи қонуни ҶТ дар бораи танзим пурра шарҳ додааст.

Ба гуфтаи Назарзода, масъулин ҳангоми татбиқи қонуни мазкур нуқсону камбудиҳои ҷиддие роҳ медиҳанд. Ӯ афзудааст, масъулин дар аксар ҳолат барои пур кардани варақҳои тақвимиашон оддитарин ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд.

"Мақомоти дахлдор барои ба ҷо овардани нақшаву барномахои тақвимии хеш дар татбиқи Қонуни миллӣ, яъне татбиқи Қонуни танзим ба таври нодуруст ва ғайриқонунӣ амал карда, оддитарин ҳуқуқҳои шаҳрвандии моро поймол менамоянд",- менависад вай.

Экс-директор Нацбиблиотеки выставил фото сотрудников антикоррупции
Экс-директор Нацбиблиотеки выставил фото сотрудников антикоррупции

Мудири пешин итминон дорад, ки бархе аз масъулин ҳангоми иҷрои вазифаи худ даст ба худсариву беадолатӣ мезанад, ки боиси рӯ ба рӯ шуданд шаҳрванди кишвар ба мушкиливу душвориҳо мешаванд.

"Таҷрибае, ки мо ҳосил кардем, хеле талх аст. Дар сари ҳар як қадам аз аввалин лаҳзаҳои ба ин кор бархурдан дар Агентии коррупсия, Кумитаи дин ва прокуратура то баррасиву муҳокимаи парванда дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мо ба душвориву мушкилиҳое рӯ ба рӯ шудем, ки бештар хусусияти субъективӣ дошта, аз худсариву беэътиборӣ ва баъзан бедонишии мансабдорони ба ин амалҳо алоқаманд шаҳодат медиҳад",- омадааст дар паёми вай.

Сипас, Назарзода сухан аз ширкати кормандони Ожонси мубориза бо фасод мекунад дар тӯйи писраш мекунанд, ки"ҳам ош хӯрдаанд ва ҳам тӯйро ба навор гирифтаанд".

Сайфиддин Назарзода дар ин паём мушаххас аз тӯй, даъват шуданаш ба Ожонс, барканорӣ аз мақом, рафти маҷлиси додгоҳ маълумот медиҳад ва аксҳои кормандони ожонсро ҳам мунташир мекунад.

Ӯ дар анҷом афзудаст, "бо ҳамин сохтакориву фиребкунӣ дар ҳаққи банда дасисаву туҳмате раво диданд, ки таҳлилу баррасии он дар достони зиндагии ману хонаводаи ман як саҳифаи нангину фоҷиабор, саҳифаи беэътиборӣ ба Қонуни миллӣ, саҳифаи "салла биёру калла биёр"- и татбиқкунандагони Қонун, саҳифаи ба ҳар васила беобрӯ кардани ин ду шахсӣ собиқадори кору меҳнат, саҳифаи бор кардани мусибату ғам ба хонаводаҳои онҳо, саҳифаи ба ҷойи шодиву хушбахтӣ ва комгории арӯсу домод ба онҳо расондани азобу ғаму андуҳ боқӣ хохад монд".

Экс-директор Нацбиблиотеки выставил фото сотрудников антикоррупции
Экс-директор Нацбиблиотеки выставил фото сотрудников антикоррупции
Барчаспҳо:
тӯй, қонун, ҷарима, Сайфиддин Назарзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ