Таваҷҷуҳ, ҷавонон: дар Тоҷикистон донишҷӯи беҳтаринро муайян мекунанд

© Пресс служба президента РТТаджикские девушки на праздновании дня независимости Таджикистана в Душанбе
Таджикские девушки на праздновании дня независимости Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пешниҳоди номзадҳо барои иштирок дар озмун аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат то 20 декабри соли равон қабул карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар кишвар озмуни "Донишҷӯи сол-2017" эълон мекунад.

Бино бар иттилои манбаъ,  мақсад аз баргузор кардани ин озмун ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ҷавонон мебошад.

"Озмуни мазкур миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он, пеш аз ҳама, ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор мебошад",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Пешниҳоди номзадҳо барои иштирок дар озмун аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат то 20 декабри соли равон қабул карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0