06:13 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
385 0 0

Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 30 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон пешбинӣ карда, ки имрӯз ҳаво дар кишвар то 5 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 14-19 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

Бино ба додаҳои ҳавошиносӣ, имрӯз дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда ва абрноки бебориш буда, бод аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-4 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш буда, дар бархе аз ноҳияҳои кӯҳистонӣ борон ва барф хоҳад борид. Бод аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанди абрнок ва бебориш ва дар бархе аз ноҳияҳои кӯҳдоман боридани борон ва барф пешбинӣ мешавад.

Бод аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, бод аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.
Барчаспҳо:
бориши барфу борон, сардӣ, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ