10:03 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
153 0 0

Ҳамчунин то соли 2040 наздики 80 дарсад аз сохтмонҳои кӯҳна тахриб ва ҷойи онҳоро сохтмонҳои нав хоҳанд гирифт

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе хабар додааст, ки ба наздикӣ дар ҷойи бозори "Шоҳмансур" Маркази тиҷории замонавӣ пайдо хоҳад шуд.

Як намояндаи Ҳукумати шаҳри Душанбе гуфтааст, ин Марказ созгор ба ҳама талаботи муосир сохта ва ба истифода дода мешавад.

Гуфта мешавад, бино бар Нақшаи куллии шаҳрсозӣ, то соли 2040 80 дарсад аз сохтмонҳои кӯҳнаи пойтахт тахриб шуда, ҷойи онро сохтмонҳои бисёрошёна хоҳанд гирифт.

Моҳи октябр шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ қароре ба тавсиб расонда буд, ки бар асоси он бозори "Шоҳмансур" тахриб гардид.

Бо қарори раиси пойтахт, тамоми замини холишуда бо андозаи 4,3 ҳектор ба фонди заминҳои захиравии пойтахт дохил карда мешавад ва бе иҷозаи махсус ҳамагуна сохтмон дар ин ҷо мамнуъ аст.

Барчаспҳо:
маркази савдо, бозори "Шоҳмансур", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ