13:20 24 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
68 0 0

Баррасии чанд тарҳи молӣ ва иқтисодӣ дар ҷаласаи имрӯзи парлумони Тоҷикистон дар дастури кор қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Имрӯз вакилони маҷлиси Тоҷикистон дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон чанде аз тарҳҳои иқтисодиро баррасӣ карданд.

Тавре дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гузориш медиҳад, дар иҷлосия ҳамчунин тарҳи роҳи Кӯлоб-Қалъаихум баррасӣ шуд.

Роҳи заминии Кӯлоб ба Қалъаихум дар чанд марҳала, тавассути ширкатҳои туркӣ ва эронӣ дар дасти сохт ва такмил аст.

Роҳ заминии Кӯлоб ба Қалъаихум, ду вилояти ҳаммарз бо Афғонистон, яъне Хатлон ва Бадахшонро ба ҳам пайванд медиҳад.

Аз дигар барномаҳои имрӯзи намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон, тасвиби тағйироте бар Қонуни озодии виҷдон ва ниҳодҳои динӣ аст.

Барчаспҳо:
роҳ, қонун, Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ