Қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи таъмири мактаби 39-и Душанбе

Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи таъмири мактаби рақами 39-и ноҳияи Шоҳмансур ва эълони тендер барои интихоби пудратчӣ қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода гузошта шудааст.

"Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳодшуда дар ҳамкорӣ бо фармоишгари иншооти "Азнавсозӣ ва таъмири асосии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи Шоҳмансур" Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намоянд",-омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин шаҳрдор ба масъулин дар бораи эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендер бо иштироки номаҳдуди довталабон дастур додааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Рустам Эмомалӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии Душанбе зимни Иҷлосияи сездаҳум ҳисобот медиҳад. 

Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 11 декабри соли 2017, соати 9:00 баргузор мешавад.      

Лентаи хабарҳо
0