Барфу борон, туман ва чангу ғубор: обу ҳаво барои имрӯз

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкМайский снегопад в Москве
Майский снегопад в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман ва чангу ғубор дар назар аст

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Тавре Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додааст, имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳо ҳавои бебориш ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ бориданиборону барф дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 10-15 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳо ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона —2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағёирёбандаи абрнок, дар водиҳо ҳавои бебориш ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барфу борон дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0