10:46 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
365 0 0

Дар шаҳри Душанбе Иҷлосияи сездаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар пойтахт Иҷлосияи сездаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум баргузор шуд, дар ин бора дафтари мутбуотии шаҳрдории Душанбе гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар кори иҷлосия шаҳрдори Душанбе,  муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбар ва муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳо ва муассисаву корхонаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, дар иҷлосия раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои соли 2018 муайян кард.

Тавре зикр гардид, мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар моҳҳои январ — сентябри соли 2017 ба 7510,0(ҳафт миллиарду панҷсаду даҳ) миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 17,7 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ — сентябри соли 2017 сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) аз ҳисоби истеҳсоли молҳо 22,9 фоиз, хизматрасонӣ 73,2 фоиз ва андозҳо 3,9 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар моҳҳои январ — ноябри соли ҷорӣ рушди МММ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 103,6 фоиз, боркашонӣ 101,4 фоиз, гардиши савдои чакана 101,3 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 103,7 фоиз таъмин гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 467 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун, бо дарназардошти субъектҳои хусусӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1406,6(як миллиарду чорсаду шаш) миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1фоиз зиёд мебошад.

13-тое засидание депутата городского совета города Душанбе
13-тое засидание депутата городского совета города Душанбе

"Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни муҳокимаи масъалаҳо таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини соҳаҳоро, қабл аз ҳама, бо дарназардошти татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба иҷрои корҳои сохтмонию меъморӣ, махсусан назорати маҳсулоти сохтмонӣ ва риояи талаботи санъати меъморию шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди бинову иншоотҳо ва такмили фаъолияти комиссияи давлатии қабули иншоотҳо равона сохт",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанберо вазифадор карданд, ки дар самти назорати риояи иҷрои муҳлати қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе оид ба иҷозатномадиҳӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони иншоотҳо, инчунин ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба ғасби қитъаҳои замин чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр супориш гирифтанд, ки бо мақсади ободу зебо гардонидани симои кӯчаю хиёбонҳои пойтахт бо истифода аз иқдомҳои шахсони эҳсонкор корҳоро дар самти таъмир ва рангубори намои бинову иншоотҳои истиқоматӣ, ҷамъиятӣ ва маъмурӣ, инчунин таъмир ва азнавсозии роҳҳо ва иншоотҳои ирригатсионӣ мунтазам идома дода, ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи бо обтаъминкунӣ ва хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо неруи гармӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар мавсими тирамоҳу зимистон, алалхусус дар рӯзҳои боришот ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани системаи ирригатсионӣ, каналу селпартоҳо ва таҳшингоҳҳо навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин шаҳрдори Душанбе таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳои саноату энергетикаро ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои пойтахт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бартараф кардани камбудиҳои соҳа, барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин афзунсозии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии баландсифат ва рақобатпазир ҷалбкардааст.

Роҳбарону масъулини бахши нақлиёт ва сохторҳои марбутаӣ он уҳдадор шуданд, ки ҷиҳати танзими реҷаи ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳо корҳоро ҷоннок карда, дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ вусъат додани корҳо дар самти насби таҷҳизоти электронии пардохти ғайринақдӣ дар тамоми нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе, пешгирии тамбашавӣ, инчунин ташкили терминалҳои муосири мусофирбарӣ дар назди даромадгоҳҳои пойтахт ва марказҳои хизматрасонии таъмири техникаи нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ тадбирҳои дахлдорро чораҷӯӣ намоянд.

Муассисаву корхонаҳои коммуналӣ бобати дар фасли зимистон тоза нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди пойтахт, захира намудани заҳрхимикатҳо ва дигар маводҳои зидди лағжиш, таҷдиди техникаи барфрӯбӣ ва партовкашонӣ, азнавсозии истгоҳҳои замонавии нақлиёти мусофирбарии ҳудуди шаҳри Душанбе, пешгирии ҳолатҳои зиддисӯхтор, инчунин ҷиҳати ба талаботи оташнишонӣ ҷавобгӯ будани иншоотҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои мушаххас андешида, дар ҳамкорӣ бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ миёни кормандон чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намоянд.

13-тое засидание депутата городского совета города Душанбе
13-тое засидание депутата городского совета города Душанбе

Сарраёсати маориф, Раёсатҳои тандурустиву фарҳанг ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки ба беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия ва фаъолияти омӯзгорон, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, танзими талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ва истифодаи воқеии нархномаи ташхису табобат, масъалаҳои ахлоқ, риояи расму оин, талқини худогоҳиву худшиносӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ, пойдории забони давлатӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, маданияти муошират бо шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои ифротгароиву хурофотпарастӣ ва ҳифз намудани фарҳанги миллӣ аз бегонапарастӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Сохторҳои дахлдор вобаста ба фаъолияти марказҳои савдо, бозорҳо, корхонаҳои савдои хӯроки умумӣ ва маишӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои савдо, талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ, санитарию эпидемиологӣ ва зиддисӯхтор, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва ба пуррагӣ аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, пешгирӣ ва манъи воридоти молу маҳсулоти пастсифат, махсусан гушти мурғ, ширу ҳасиб чораҳои зарурӣ андешида, талаботи воқеии аҳолии шаҳрро барои ташкили бозорҳо омӯхта, ҷиҳати ҷойгиркунии бозорҳо дар маҳаллаҳои алоҳида аз рӯи зарурият ва таъмини рақобати солим ва бартараф намудани бозорҳои сарироҳӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

Бино бар иттилои манбваъ, Рустами Эмомалӣ аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳо бо қотеият талаб кардааст, ки тамоми камбудӣ ва нуқсони мавҷударо сари вақт бартараф намуда, тараққӣ ва ободонии шаҳр ҷиҳати фароҳам овардани зиндагии шоиста ба тамоми қишрҳои ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Барчаспҳо:
иҷлосия, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ