09:52 29 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.65
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
231 0 0

Маъмури яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт, зани 39-сола дар ташкили фоҳишахона дар ҷойи кораш муттаҳм мешавад

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки маъмури меҳмонхонаеро дар Душанбе ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса маъмури яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт, зани 29-солаеро ба иттиҳоми ашкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, зани муттаҳам рӯзи 18-уми декабри соли 2017, ҳуҷраи меҳмонхонаи мазкурро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 39-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 50-солаи сокини пойтах иҷора дода, барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам овардааст.

Ниҳод таъкид мекунад, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
фоҳишахона, муттаҳам, ВУД, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ