21:00 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи 30-солагии истиқлол

© Сайт президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
547 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар бораи таҷлили 30-солагии истиқлол фармон баровард

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳур гузориш медиҳад.

Дар фаромни раисҷумҳури Тоҷикистон омадааст.

"Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа фармон медиҳам

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2021 баргузор карда шавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати ду моҳ тасдиқ намояд".

Барчаспҳо:
фармон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ