Ҳукумати Суғд дар остонаи Соли нав аҳволи сарбозонро ҷӯё шуд

© © Пресс-служба ЦВОВоенные 201-й базы отметили День сухопутных войск России
Военные 201-й базы отметили День сухопутных войск России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои афсарону сарбозон ҳамзамон дастархони идона ороста шуда, барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод карда шуд

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дафтари матбуоитии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, ки намояндагони Ҳукумат намояндагони Ҳукумат сарбозону афсарони як қатор қисмҳои низомии вилоятро аёдат карданд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар остонаи Соли нав бо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар қисмҳои низомии ҳудуди вилоят чорабиниҳои идона доир гардида истодааст.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, дар қисмҳои низомии 0228, 0230 ва 0202 бо иштироки афсарону сарбозон чорабиниҳо доир шуд. Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз номи роҳбарияти вилоят кулли афсарону сарбозонро бахшида ба соли нави мелодӣ таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Барои афсарону сарбозон ҳамзамон дастархони идона ороста шуда, барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0