Имрӯз ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон якбора паст мешавад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПрохожие, архивное фото
Прохожие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе минтақаҳои мамлакат боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Тавре аз созмони обуҳавошиносии кишвар иттилоъ додаанд,, 21 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, баъзан фаромадани туман ва боридани борону барф пешбинӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0