06:22 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
АШАН Таджикистан запустил бесплатный автобус

Фурӯшгоҳи "Ашан" дар Душанбе автобусҳои ройгон ба роҳ андохт

© Фото: Facebook / АШАН Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
141 0 0

Фурӯшгоҳи занҷираии "Ашан" дар шаҳри Душанбе барои рафту омади муштариёнаш автобусҳои ройгонро роҳандозӣ кард

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Фурӯшгоҳи занҷираии "Ашан" дар ин бора иттилоъияе дар сафҳаи худ дар Фейсбук мунташир кардааст.

Бино бар ин иттилоъия, автобусҳо мусофирбариро аз 18 декабр оғоз карда ва ҳар рӯз аз соати 08.30 то 22.00 дар се масир ҳаракат хоҳанд кард.

Масири "А" аз Қарияи Боло то АШАН, масири "В" аз майдони Сарҳадчиён (Водонасос) то АШАН ва масири "С" аз "Гипрозем" ва "Саховат" то АШАН тул кашидаанд. Автобусҳо дар ин масирҳо бо фосилаи замонии 30 — 40 дақиқа мусофирбарӣ хоҳанд кард.

Фурӯшгоҳи "Ашан" нахустин фурӯшгоҳи ширкати фаронсавии "Auchan Holding" дар Осиёи Марказӣ аст. Он 21 июни соли 2016 дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кардааст.

Первый в Центральной Азии гипермаркет Ашан открылся в Душанбе
Первый в Центральной Азии гипермаркет "Ашан" открылся в Душанбе

Фурӯшгоҳи занҷираии "Ашан" дар сохтмони чаҳорошёнае ҷойгир буда ва "Душанбе мол" номгузорӣ шудааст. Ин сохтмон 5 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дошта ва бо ҳазинаи 110 милюн сомонӣ (беш аз 14 милюн дулор) сохта шудааст. 

Мавзуъ

Аз "Ашан" то фурудгоҳ: мулоқоти Р.Эмомалӣ бо сафири Фаронса
Эмомали Раҳмон ба кори аввалин “Ашан” дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшид
БАБР ҳамшарики гипермаркети эҳдосшавандаи “Ашан” дар Душанбе шуд
Барчаспҳо:
фурӯшгоҳи занҷираӣ, Ашан, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ