Барф, туман ва борони пуршиддат: обуҳаво барои имрӯз дар ТОҷикистон

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар шимоли кишвар боди пуршиддат пешбинӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тавре Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додааст, имрӯз, 22 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-4 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, баъзан фаромадани туман пешбинӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа хунук ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, танҳо шабона дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0