22:52 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
147 0 0

Раиси Кумитаи андоз пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон низ аз ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳои электорониро пешниҳод мекунанд, андоз ситонида шавад

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Кумитаи андози Тоҷикистон мехоҳад аз тамоми хизматрасониҳои электронӣ андоз ситонад. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА хабар медиҳад.
Ба гуфтаи раиси кумита Нусратулло Давлатзода,  ҷамъ кардани андоз аз ширкатҳои  Google, Facebook, Apple ва Microsoft имконият медиҳад, ки будҷаи Тоҷикистон як манбаи дигари даромада пайдо кунад.

"Вақти он расидааст, ки тамоми корҳоеро, ки ба воситаи интернет анҷом дода мешаванд, ба танзим дарорем. Бояд ба қонуни андози кишвар тағйирот ворид шавад, ки мувофиқи он ширкатҳои хориҷие, ки ба шахсони инфиродӣ хизматрасонии электорниро пешниҳод мекунанд, андоз супоранд",- омадааст дар мактубе, ки Нусратулло Давлатзода ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ирсол кардааст.

Раиси кумита пешниҳод мекунад, ки Тоҷикистон низ дар мисоли Русия, ки "аз Google ва садҳо дигар ширкатҳои хориҷӣ андоз меситонад", амал кунад.

Ба гуфтаи Давлатзода, "Русия танҳо ҳамин сол ба воситаи гирифтани андоз аз ширкатҳои Google, Apple, Microsoft, Facebook, eBay, Aliexpress, Yahoo, Bing ва ғайраҳо будҷаашро ба 2 миллиард пур кардааст".

"Дар Тоҷикистон хизматрасонии электоронӣ назорат карда намешавад. Шаҳрвандон ба воситаи ин гуна хизматрасониҳо мошину анҷоми рӯзгор, китобу мусиқӣ мехаранд, дар меҳмонхонаҳо ҷой мегиранлд ва ба ширкатҳои хориҷӣ фоида меоранд, аммо бо далели мукаммал набудани қонунгузорӣ мо наметавонем ба онҳо андоз бандем",- қайд мекунад Давлатзода.

Вай сомонаҳои mango.tj, volna.tj, megamag.tj, duexpress.tj. мисол овардааст.  Дар макуб ҳамчун қайд карда мешавад, ки ҳоло андоз аз алоқаи байналмилалӣ кам шудааст, зеро шаҳрвандони кишвар аз NGN ва  Wechat, Viber, OK, VK истифода мебаранд.

Барчаспҳо:
кумитаи андоз, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ