09:33 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Қасри Арбоб. Акс аз бойгонӣ

90 ҳазор сомонӣ ба "Беҳтарин маҳаллаҳо" дар Суғд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
49 0 0

Ба ғолибони озмун Шаҳодатнома ва ҷоизаҳои пулӣ дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ, 30 000 сомонӣ ва 10 000 сомонӣ супорида шуд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, мусобиқаи вилоятии "Маҳаллаи беҳтарин" бо мақсади муайян намудан ва баҳо додан ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, гулзоркунӣ, сохтмону таъмири иншооти иҷтимоӣ, роҳҳои маҳҳалӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъбаст шуд.

Ин озмун ба муносибати 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст.

Номи ғолибони озмун дар рафти иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум эълон карда шуд.

"Дар озмуни мазкур маҳаллаи ба номи Даврон Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби ҷойи аввал гардид", — омадааст дар хабарнома.

Маҳаллаҳои Ватани шаҳри Бӯстон ва Раззоқи шаҳри Хуҷанд ҷойҳои дуввум ва сеюмро соҳиб шуданд.

Ба ғолибони мусобиқа Шаҳодатнома ва маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ, 30 ҳазор сомонӣ ва 10 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Барчаспҳо:
озмуни "Беҳтарин маҳаллаи Суғд", мукофоти пулӣ, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ