00:04 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
338 0 0

Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 27 декабр ҳаво дар саросари кишвар номусоид шуда дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва дар баландиҳои 2000 м хатари тармафароӣ пешбинӣ карда мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи номусоид шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар дошта шудааст. Бод аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои абрнок ва боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок гашта, давоми рӯз боридани борон пешбинӣ мешавад. Бод аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 3-2 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Обуҳавошиносон дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфро пешбинӣ мекунанд. Бод аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона борон меборад. Бод аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

Созмони обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  рӯзҳои 28- 29 декабр дар ноҳияҳои кӯҳӣ яхбандии роҳҳо пешгӯӣ гашта, меғ мефарояд.

Барчаспҳо:
боду ҳаво, тармафароӣ, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ