Рустам Эмомалӣ барои барчидани "Бозори Шоҳмансур" паймонкор меҷӯяд

© SputnikЗеленый базар в Душанбе
Зеленый базар в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бораи қарори вижаи шаҳрдори Душанбе ба имзо расидааст

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ барои поксозии бозмондаҳои "Бозори Шоҳмансур" паймонкор меҷӯяд. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси ҳукумати пойтахт Рустам Эмомалӣ имрӯз барои интихоби паймонкори барчидани бозори пешини "Шоҳмансур" ва гирду атрофи он қарор имзо кардааст.

Дар ин қарор гуфта мешавад, протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Ҳукумати шаҳри Душанбе аз 14 декабри соли 2017, №137 ва ҳайъати комиссияи тендерӣ барои интихоби паймонкор тасдиқ карда шавад.

"Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Ҳукумати шаҳри Душанбе пешниҳодшуда дар ҳамкорӣ бо фармоишгари иншооти мазкур Муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ"-и Ҳукумати  шаҳри Душанбе мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намуда, эълон, баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро бо иштироки номаҳдуди довталабон таъмин намояд",- омадааст дар қарори раиси шаҳр.

Ёдрас мешавем,"Бозори Шоҳмансур" аввалҳои моҳи октябр бо як қарори шаҳрдори Душанбе барҳам дода шуда буд. Охирҳои моҳи ноябр Ҳукумати шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар ҷои бозори "Шоҳмансур" маркази тиҷории нав сохта хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0