Миннатдории Парвина Саидова ба Рустам Эмомалӣ барои барномаи пуршукӯҳи солинавӣ

© Фото : Azu ProductionПарвина Саидова, архивное фото
Парвина Саидова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвина Саидова мегӯяд, дер боз фарзандонашро чунин хушҳол надида буд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Зебосанам ва модели тоҷик Парвина Саидова бо паёме дар саҳифаи фейсбукиаш ба шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ барои баргузории барномаи солинавии пуршукӯҳ миннатдорӣ кардааст.

"Чанд вақти охир кӯдаконамро мисли имруз хушбахту шодмон надида будам. Миннатдории бепоёнамро ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мерасонам. Барномаи солинавӣ бо тақдими туҳфаҳои гарони ин марди саховатпеша олитарин буд. Худованд аз шумо розӣ бошад, Раиси муҳтарам",- менависад Парвинабону.

Тавре Саидова ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард, се духтараш дар мактаби рақами 8-уми шаҳри Душанбе таҳсил мекардаанд.

"Рӯзе дар хона нишаста будам, ки аз мактаб занг зада хабар доданд, ки ду духтарамро ба барномаи солинавии "Ёлкаи президентӣ" даъват кардаанд",- мегӯяд модари серфарзанд.

Ба гуфтаи вай, барномаи мазкур бо ибтикори шаҳрдори Душанбе ташкил шудаву ба он кӯдакони ятиму бенаво даъват шудаанд.

"Ман ҳам 5 фарзанд дорам, ки падарашон вафот кардаанд. Барои ҳамин ба 2 духтари ман ҳам ба барнома даъватнома додаанд",- афзуд Парвинабону.

Модели тоҷик қайд кард, духтаронаш пас аз тамошои барномаи солинавӣ дар Сирки давлатӣ хело хурсанд бар гаштанд.

"Кӯдаконам хело хурсанд бар гаштанд. Он ҷо ба онҳо рақси испанӣ намоиш додаанд. Гуфтанд, ки вақте ба толори сирк ворид шуданд, диданд, ки дар руйи ҳар як миз тӯҳфа гузошта шудааст",- мегӯяд Парвина Саидова.

Ҳамчунин зебосанам қайд кард, хурсандии вай пеш аз ҳама бо он далел аст, ки "ёлкаи президентӣ" маҳз барои кӯдакони бенаво ё бе падар ва ё бемодар баргузор шудааст.

"Ман ин хушҳолии кӯдаконамро  дида,  аз хурсандӣ ба раиси шаҳри Душанбе дар фейсбук" паёми миннатдорӣ навиштам",- гуфт модели серфарзанд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки шаҳрдории Душанбе барои 1900 кӯдакони кӯдакони маъюб, ятим, бепарастор, аз оилаҳои ниёзманд, тарълимгирандагони мактаб-интернатҳо, ғолибони олимпиадаҳо намоиши баччагонаи "Шаҳри афсонаҳо"-ро ташкил кардааст.

"Шаҳри афсонаҳо" дар Сирки Душанбе се рӯз- 28, 29 30-уми декбар баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0