17:02 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Расми Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ

Дар Душанбе 140 солагии Садриддин Айнӣ ҷашн гирифта мешавад

© Sputnik / РИА Новости
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
46310

Дар шаҳри Душанбе ба муносибати 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, нависанда, олим ва нахустин раҳбари Фарҳангистони Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Узбакистон ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддини Айнӣ ҳамоиш баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik.  Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳамоиш моҳи апрел таҳти унвони "Садриддин Айнӣ ва илму адаб ва фарҳанги муосир" баргузор хоҳад шуд.

Созмондиҳандагони ин ҳамоиш Институти забон ва адабиёт ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Фарҳангистони  Тоҷикистон мебошад.

Манбаъ афзуда, ки барои ширкат дар ҳамоиши айнишиносон, донишмандон, ҳунаршиносон ва коршиносони номии дохилӣ ва хориҷӣ  даъват мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиш баррасии масъалаҳои  "Айнӣ — поягузори насри муосир", "Айнӣ — шоир", "Айнӣ  ва забон", "Айнӣ  ва забони меъёр", "Айнӣ ва тарҷумаи бадеӣ", "Айнӣ  ва фарҳангнигорӣ", "Айнӣ  ва робитаҳои адабӣ", "Айнӣ  ва мероси адабӣ", "Айнӣ — муҳаққиқ", "Айнӣ  ва таърихи халқи тоҷик", "Айнӣ ва арзишҳои миллӣ", "Нақши "Намунаи адабиёти тоҷик"дар ташаккули ҳувияти миллӣ", "Айнӣ  ва "Шашмақом", "Айнӣ  ва матбуоти тоҷик", "Айнӣ  ва маориф", "Айнӣ  ва фарҳанги суннатӣ", "Айнӣ ва адабиёти Шарқ", "Тарҷумаи осори  Айнӣ ба забонҳои дигар", "Осори Айнӣ ба забони узбакӣ", "Шуҳрати  ҷаҳонии  Айнӣ" ва "Шинохти устод Айнӣ дар даврони Истиқлол" дар назар дошта шудааст.

Забонҳои кори ҳамоиш тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ), русӣ ва англисӣ мебошанд.

Шахсоне, ки мехоҳанд дар ҳамоиш гузориш  ва ё  маърӯза намоянд, матни электронии гузориш ва суханрониашонро  ба воситаи почтаи электронии   iza_rudaki17@mail.ru ирсол намоянд.

Матни гузориш ва суханрониҳо  дар ҳаҷми 10 саҳифа (қолаби А-4) бо шрифти Times New Tj (андозаи ҳарф —14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5) пазируфта мешаванд.

Муҳлати қабули матнҳо то 15 феврали 2018 муқаррар шудааст.

Барчаспҳо:
таҷлили 140-солагӣ, ҳамоиш, Садриддин Айнӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ