Худи Viber қазияи "вайбербандиро" дар Тоҷикистон шарҳ дод

© Sputnik / Валерий ЛевитинМобильный телефон, архивное фото
Мобильный телефон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тавре қайд карда мешавад, "вайбербандӣ" дар Тоҷикистон бо далелҳои фаннӣ сар зад, ки ҳоло ислоҳ шудааст

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Худи ширкати Viber қазияи маҳдуд шудани зангҳои овозӣ ва видеоиро, дар Тоҷикистон, ки чанде пеш ба миён омад,  шарҳ дод.

"Дар ҳақиқат корбарони  Viber чанде пеш бо мушкилоте рӯ ба рӯ шуданд, ки мо онро дар муддати кӯтоҳ ҳал кардем",- гуфт як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон аз ширкат.

Тавре ӯ афзуд, "вайбербандӣ" дар Тоҷикистон бо далелҳои фаннӣ сар зад, ки ҳоло ислоҳ шудаанд.

"Қатъи тамосҳои дидорӣ ва овозӣ бо далели фаннӣ ба амал омад",- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ба гуфтаи вай, Хадамоти алоқа, пас аз дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудани хабари қисман баста шудани Viber дар Тоҷикистон ба тафтишоти хутути иттилоотӣ сар кард.

Пештар хабар дода шуд, ки Дар Тоҷикистон машҳуртарин мессенҷер-Viber қисман баста шудааст.

Аксари корбарони Facebook навиштанд, ки  зангҳои телефонӣ ва видеоӣ тариқи барномаи Viber қариб аз ҳамаи операторон дастнорас шуд.

Лентаи хабарҳо
0