04:16 24 апрели 2018
Пахши мустақим
Бетартибиҳо дар Душанбе

Бетартибиҳо дар назди намояндагии ВКД Русия дар Душанбе

© Youtube / Мирзо Салимпур
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
46901

Милисаҳои тоҷик издиҳомеро, ки дар назди намояндагии ВКД Русия дар Душанбе ҷамъ шуда буд, пароканда карданд

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар Душанбе дар назди намояндагии Вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон нооромӣ сар зад.

Дар назди ин сохтмон беш аз ду ҳазор кас барои супурдани асноду мадорик барои ширкат дар барномаи кӯчбандӣ ба Русия ҷамъ омада буданд. Нооромӣ дар миёни навбатпоён сар задааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбур шуданд издиҳомро пароканда кунанд.

Кормандони намояндагӣ пеш аз таътилоти соли нав ба довталабон эълом карда буданд, ки дар рӯзҳои таътил шаҳрвандонро қабул намекунанд. 

Таътилоти Соли нав агар дар Тоҷикистон се рӯз аст, дар Русия аз 30 декабр то 8 январро дар бар мегирад.

Ҳамакнун хоҳишмандони муҳоҷират ба Русия метавонанд танҳо тавассути сомонаи расмии ин намояндагӣ дар Тоҷикистон, худро барои шомил шудан ба феҳрати алоқамандони кӯчидан ба Русия, сабти ном кунанд.

Барчаспҳо:
пароканда, издиҳом, ВКД-и Русия, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ