04:02 24 апрели 2018
Пахши мустақим
Работы по укреплению берега

Кормандони КҲФ ҶТ дар вилояти Хатлон рӯдборҳоро соҳилбандӣ карданд

© Sputnik / Сергей Аньков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
31 0 0

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон барои пешгирӣ аз пайомадҳои селу обхези эҳтимолӣ рӯдборҳоро соҳилбандӣ карданд

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии КҲФ ҶТ, ҳамзамон бо роҳандозии корҳои пешгирикунанда аз балоҳо бо мардум низ суҳбатҳо баргузор шуда ва дар он равишу чораҳои паноҳ ёфтан аз балоҳои заминӣ ва осмонӣ ва кам кардани пайомадҳои эҳтимолии онҳо омӯзиш дода шудаанд.

"Ин барнома бо ҳадафи иттилоърасонӣ ва нигаҳбонии бошандагон ва созаҳои иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ, пешгирӣ аз балоҳо ва бартарафсозии пайомадҳояшон баргузор шуд", — хабар доданд дар ин ниҳод.

Соҳилбандӣ дар канораҳои рӯди Вахш ва омӯзиши пешгирии хатарҳо дар деҳаи Сари Ҳавз, ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар бо ҳамкории ҳукумати ноҳия ва Идораи обёрии вилояти Хатлон баргузор шуданд.

Кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо мардуми маҳаллӣ ба сурати ҳашари умумӣ соҳилҳои рӯдҳоро аз партовҳо тоза карданд.

Мавзуъ

КҲФ аз шиддат ёфтани шамол дар ноҳияҳои вилояти Суғд ҳушдор медиҳад
КҲФ аз хатари лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад
Озмуни КҲФ барои ишғоли ду вазифа
Ҳушдор аз КҲФ: Ҳавои сард ва барфу борон то 6-уми декабр боқӣ мемонад
Сангрезиш ва тармафароӣ: тавсияҳои КҲФ барои наҷот аз офатҳои табиъӣ
Барчаспҳо:
соҳилбандӣ, гилшор, обхезӣ, Кумитаи авзоъи изтирорӣ ва дифоъи мадании ҶТ, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ