04:01 24 апрели 2018
Пахши мустақим
Туман дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Абрноку туман: обуҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Имрӯз, 12 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш гашта, туман мефарояд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, Ҳаво дар вилояти Суғд имрӯз тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва тағйирёбанда гашта, рӯзона фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрӣ пешбинӣ гашта, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
туман, Созмони ҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ