12:53 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
50920

Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 16 январ ҳаво дар саросари кишвар номусоид шуда дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 16 янв— Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани барф ва вазиши боди сахт пешбинӣ мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, нимаи дуюми рӯз боридани борону барф дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард хоҳад шуд.

Ҳаво дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи номусоид гашта, давоми рӯз боридани барф пешбинӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 5-10 ва рӯзона 3-2 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, охирҳои рӯз боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳарорат шабона 0-5 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, танҳо охири рӯз борону барф меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз сокинони пойтахтро дар охири рӯз ҳавои боронӣ интизор аст. Дар баъзе ҷойҳо боридани барф низ дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
боду ҳаво, бориши барфу борон, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ