Раҷаббой Аҳмадзода ба собиқадорони меҳнат кӯмакҳои моддӣ расонд

© Фото : пресс-служба Хукумата Согдической областиПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Собиқадорони меҳнат аз таваҷҷуҳи роҳбари вилоят изҳори болидагӣ карданд ва дар ин вазифаи пурмасъулият барояш комёбӣ таманно намуданд

ДУШАНБЕ, 17 янв- Sputnik. Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз шахсиятҳои маъруфи ноҳияро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, яке аз онҳо сокини Ҷамоати деҳоти Хистеварз Абдунабӣ Ҳодибоев — собиқадори меҳнат мебошад, ки солҳои зиёд дар вазифаи сардори идораи кишоварзии вилоят кор кардааст. Номбурда дар пешбурди хоҷагии халқи вилоят саҳми арзанда гузошта, новобаста аз даврони нафақа имрӯз низ дар донишгоҳ асрори касби хочагидориро ба шогирдонаш меомӯзад.

"Собиқадори меҳнат, устоди пахта, депутати Совети Олии СССР Файзиниссо Тӯрабоева низ имрӯз давлати пирӣ меронад. Зимни аёдат ин зани ҳунарманд ба хотири ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ояндаи дурахшони халқ дасти дуо бардошт",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Собиқадори дигари соҳа Аҳмадҷон Қосимов бошад, ба синни мубораки 93 расидааст. Номбурда солҳои тӯлонӣ дар вазифаи мудири участкаи Унҷӣ фаъолият бурда, ҳамчун кишоварзи ботадбир барои фаровонии ҳосил ва серию пурии дастархони мардум ҳиссаи назаррас гузоштааст.

Собиқадорони меҳнат аз таваҷҷуҳи роҳбари вилоят изҳори болидагӣ карданд ва дар ин вазифаи пурмасъулият барояш комёбӣ таманно намуданд.

Лентаи хабарҳо
0