13:21 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
134 0 0

Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 18 январ ҳаво дар саросари кишвар абрӣ шуда дар баъзе ҷойҳо барф меборад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ пешбинӣ шуда дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ (туман) ва боридани барф дар назар аст.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани меғ дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи шарқ 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи номусоид гашта, боридани барф пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 11-16 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахт ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ пешбинӣ мешавад. Ҳарорат шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
меғ мефарояд, боду ҳаво, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ