02:49 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Масъулин дар Маҷлиси васеи ҳукуматӣ

Ислоҳ кунед!: Кадом масъулин аз Эмомалӣ Раҳмон танбеҳ гирифтанд

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
964 0 0

Дар Маҷлиси васеи ҳукуматӣ дар назди раисҷумҳур нахуствазир, вазири молия, раиси Бонки миллӣ, раиси "Амонатбонк", раиси Кумитаи сармоягузорӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳрдори Душанбе гузориш доданд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Чунончӣ пештар хабардода шуд, рӯзи гузашта таҳти роҳбарии кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи ҳукуматӣ баргузор шуд, ки дар он тамоми масъулини баландпояи кишвар ширкат доштанд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маҷлиси васеъ дар назди раисҷумҳур чанде аз масъулин гузориш доданд.

Ҳамин тавр, дар кори маҷлиси ҳисоботи нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Русулзода, вазири молия Абдусалом Қурбониён, раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов, додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ шунида шуд.

Ба иттилои дафтари матбуотӣ, раисҷумҳур пас аз шунидани гузориши нахуствазир ба Сарвазири мамлакат, муовини якум ва муовинони Сарвазир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2017, супоришҳои мушаххас дод.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи Вазири молия Абдусалом Қурбониён, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб шунида шуд.

Пасон, кишвардор аз камбудиҳои ин масъулин ёдрас кардааст.

"Эмомалӣ Раҳмон камбудиҳои Вазири молияро оид ба иҷрои нокифояи қисми даромади буҷети давлатӣ, ба амал омадани қарзи маош дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорати ғайриқаноатбахши истифодаи маблағҳо, татбиқи нокифояи талаботи Қонуни ҶТ "Дар бораи буҷети давлатӣ", сари вақт пардохт нагардидани қарзҳо аз ҷониби субектҳои қарзгир, нишон дода, ислоҳи саривақтии онро талаб намуд",- омадааст дар гузориши дафтари матбуотӣ.

Ҳамчунин, вобаста ба иҷро нагардидани нақшаи 4 намуди андоз ва ба буҷети давлатӣ ворид нашудани 400 миллион сомонӣ, ба раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини нақшаи даромади буҷети давлатӣ тадбирҳои муҳиму мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Хадамоти гумрук низ изҳори нигаронӣ кардааст.

Сарвари давлат фаъолияти Хадамоти гумрукро натиҷагирӣ карда, аз иҷро нагардидани нақшаи даромади боҷи гумрукӣ, ба амалҳои коррупсионӣ даст задани кормандони Хадамоти гумрук, иҷрои ғайриқаноатбахши татбиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати нокифояи фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ, воридоти маҳсулоти гуштии пастсифат, муҳлаташон гузашта ва ба саломатии инсон зараровар, изҳори нигаронӣ кард, менависад манбаъ.

Ҳамчунин раисҷумҳур ба раиси Бонки миллӣ низ ҷиҳати ислоҳи камбудӣ ҳушдор додааст.

"Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Бонки миллӣ ва Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" Президенти мамлакат ба роҳбарону масъулин супориш доданд, ки дар вақтҳои муайянгардида ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, низоми истифодаи кортҳои пластикӣ, беҳдошти системаи пулию қарзии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани мушкилоти як қатор бонкҳои саҳҳомии мамлакат, инчунин дигар масъалаву мушкилоти соҳа, чораандешӣ намоянд.",- омадааст дар хабар.
Дар охир худи раисҷумҳур бо натиҷагирӣ аз тамоми соҳаҳои кишвар суханронӣ кардааст.

Барчаспҳо:
масъулин, танбеҳ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ