00:26 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
852 0 0

Абдулло Қодирови 27-сола ва Ҳабибулло Абдураҳмони 18-сола, вақте ки дар назди рӯди Душанбе машғули коре буданд, Маҳваши 18-сола худро ба рӯд меандозад. Онҳо зуд ба наҷоти вай шитофтанд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ду ҷавонқаҳрамони тоҷик аз cӯи Раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, Абдулло Қодирови 27-сола ва Ҳабибулло Абдураҳмони 18-сола — сокинони шаҳри Душанбе барои ҷасуриву далерияшон дар наҷот як духтари тоҷик қадрдонӣ шуданд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш хабар дода шуд, ки Маҳваш Назароваи 18-сола, як духтари ҷавони тоҷик рӯзи 16-уми январ худро ба дарёи Душанбе андохт ва аз ҷониби сокинон наҷот дода шуд. Аммо исми нафароне, ки духтарро аз дарё берун кардаанд, эълон нашуда буд. Ин духтар дар пайи муноқишаи хонаводагӣ мехостааст даст ба ҷони худ занад.

Тавре ду ҷавони тоҷик нақл кардаанд, вақте ки онҳо дар назди дарёча машуғи кор будапнд, шоҳиди ҳодисаи худро ба дарё андохтани духтаре мешаванд. Онҳо дарҳол ба наҷоти вай шитофтаанд.

"Дар ҷамъомад нахуст сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милисия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, аз сифатҳои ҷавонмардонаи ду нафар сокинони шаҳр, ки барои пешгирии чунин як ҳодисаи нохуш саҳмгузор гардиданд, изҳори миннатдорӣ намуд",- қайд мекунад дафтари матбуотии ВУД.

Қадршиносии ду нафар ҷавон барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ
Қадршиносии ду нафар ҷавон барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ

Сипас дар вазъияти тантанавӣ сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмонро барои нишон додани ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва масъулиятшиносӣ бо "Сипоснома" ва туҳфаҳои хотиравӣ — соати дастӣ қадршиносӣ намуд.

Барчаспҳо:
худкушӣ, қаҳрамон, ҷавонон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ