Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ идома дорад: Хуршед Каримзода ба ҷойи Абдуфаттоҳ Ғоиб таъин шуд

© Sputnik / Амир ИсаевАбдуфаттох Гоиб. Архивное фото
Абдуфаттох Гоиб. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон генерал-лейтенант Абдуфаттоҳ Ғоиб низ аз мансабаш барканор шуд

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар ин бора қарори вижаи раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба имзо расидааст, хабар медиҳанд расонаҳои Тоҷикистон.

Ба ҷойи Абдуфаттоҳ Ғоиб бо қарори раиси Ҳукумат генерал-майор Хуршед Каримзода-нахустмуовини пешини раиси Хадамоти гумрук таъин шуд.

Чанде пеш хабар дода шуд, ки исрӯз бо як қарори раиси Ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон вазири молияи ҶТ Абдусалом Қурбониён низ мақомашро аз даст дод.

Дар хабари расонаҳои Тоҷикистон гуфта мешуд, ба ҷойи вай раиси пешини Кумитаи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода таъин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0