13:30 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1041 0 0

Пешниҳоди вижаи Эмомалӣ Раҳмон дар вебгоҳи дафтари матбуотии раисҷумҳур мунташир шудааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дирӯз, 19-уми январ кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод кард, ки раиси Палатаи ҳисоби ҶТ Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд аз симаташ барканор шавад.

Дар ин бора пешниҳоди вижаи раиси Ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар вебгоҳи дафтари матбуотии раисҷумҳур мунташир шудааст.

"Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид",- қайд мешавад дар он.

Рӯзи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон дар ниҳодҳои баландпояи кишвар тағйироти кадрӣ ба амал овард. Чунончӣ, вазири молияи ҶТ, раиси Хадамоти гумруки ҶТ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ, муовини якуми сардори Хадамоти гумрук ва муовини сардори Хадамоти гумрук аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Фармони раисҷумҳур ва қарорҳои раиси Ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи барканоршавии масъулин дар ҳоле ба тавсиб расиданд, ки кишвардор рӯзи 18-уми январ Маҷлиси васеи ҳукуматӣ доир карда гузоришҳои масъулинро шунид.

Дафтари матбуотӣ дар бораи танбеҳҳои раисҷумҳур ба масъулин низ хабар дода буд, ки гуфта мешуд,аз ҷумла вазири пешини молияи ҶТ Қурбониён Абдусалом Карим барои камбудҳои кораш танбеҳ гирифт.

Коршиноси масоили ҳуқуқӣ ва сиёсӣ Шокироҷон Ҳакимов бар он аст, ки Абдусалом Қурбониён аз рӯзҳои аввали таъин шуданаш ба симати вазири молия ба ин вазифаи пурмасъул лоиқ набуд. Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, ки вай барои ходматҳояш ба Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансаб расид.

Барчаспҳо:
барканоршавӣ, симат, пешниҳод, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ