18:40 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Боздиди Раҳимзода аз сохтмони Коллеҷи оташнишонии Данғара

Генерал Раҳимзода бо супориши раисҷумҳур ба Данғара рафт

© Фото : Аз ВКД
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1168 0 0

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар асоси дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб сафар намуда, аз рафти корҳои сохтмонии Коллеҷи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Данғара боздид кардааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки зимни  боздид Вазири корҳои дохилӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, бо сохтмончиёну масъулини иншооти мазкур ҳамсӯҳбат шудааст.

"Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба масъулини соҳа ҷиҳати босифат ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта ба истифода додани Коллеҷи мазкур як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод", омадааст дар хабарнома.

Сохтмони Коллеҷи оташнишонӣ дар Данғара
© Фото : Аз ВКД
Сохтмони Коллеҷи оташнишонӣ дар Данғара

Манбаъ меафзод, ки сохтмони Коллеҷи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар заминҳои фонди махсуси ҳудуди ҷамоати "Корез"-и ноҳияи Данғара аз моҳи августи соли 2017 оғоз гардида, бомаром идома дорад.

Барчаспҳо:
бо супориши раисҷумҳур, боздид, ВКД-и Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, Данғара

Мавзӯъҳои асосӣ