22:50 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Ҷавонони Авангард дар ДОМ

Бо супориши раисҷумҳур: ҷавонони Душанбе аз UCA Хоруғ боздид карданд

© Фото : Аз ВУД
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1474100

Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ ва гурӯҳи ҷавонони "Авангард" ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карданд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад.

Дар доираи сафар ҷавонону донишҷӯён бо ҳамсолони худ дар шаҳри Хоруғ вохӯриҳо доир намуда, аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри мазкур боздид кардаанд.

Ба гузориши манбаъ, ҷавонони фаъолро дар ин сафар сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ВКД Абдусаттор Фаттозода сардори бахши Хадамоти мазкур дар РВКД ВМКБ подполковники милитсия Азизбекова Майсара ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

"Зимни шиносоӣ аз шароит ва имконоти донишҷӯён дар Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Хоруғ ҷавонон таассуроти хотирмон бардошта, бо ҳамсолони худ риштаи дӯстию рафоқат барқарор намуданд", —омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин дар Донишгоҳи дар бораи "Соли рушди гардишгарӣ" мизи гирд доир гардидааст.

Зикр гардидааст, ки табиати нотакрору дилпазир ва афсонавии ВМКБ осмони софу кӯҳҳои сар ба фалак кашида барои сайру сайёҳӣ мувофиқ буда, ҷаҳонгардон аз тамоми минтақаҳои олам ба ин гӯшаи диёри азизамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

"Воқеан, Бадахшон чатри симини замин аст ва аз қадимулайём ин минтақа ба ҷаҳониён маълуму машҳур буд", —омадааст дар хабарнома.

манбаъ афзуда, ки дар идомаи мизи гирд ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ, донишҷӯён ва гурӯҳи ҷавонони "Авангард" доир ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фикру андешаҳои худро иброз дошта, як қатор таклифҳои судманд пешниҳод намудаанд.

Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар асоси созишнома, ки аз ҷониби Оқохони IV ва сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғистон ва Қазоқистон имзо шудааст, бунёд гардида, интизор меравад, аз калонтарин муассисаҳои таълимии минтақа шавад.

Барчаспҳо:
боздид, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ