Шабнам Сурайё ва 101 ситораи эстрада дар рӯйхати сиёҳи Кумитаи андоз

© Фото : Elegant (I AM Photographer)Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи молиёт 102 ҳунарпешаи тоҷикро муттаҳам ба саркашӣ аз пардохти молиёт кардааст

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Беш аз 100 ситораи эстрадаи тоҷик ба рӯйхати сиёҳи Кумитаи андоз ворид шудаанд. Дар ин бора Кумитаи андоз хабар медиҳад.

"Кумитаи андози Тоҷикистон 102 овозхон, ҳунарманд ва раққосро дар пардохт накардани андози патент айбдор мекунад", — омадааст дар хабарнома.

Қайд мешавад, ки ситораҳои эстрада бидуни патент дар тӯйҳо ва шабнишиниҳо ҳунарнамоӣ мекунанд.

Телефон - Sputnik Тоҷикистон
Блогнависони маъруфи Тоҷикистон: аз Шабнам Сурайё то Нигина Амонқулова

Миёни қонуншиканҳо-ситораҳои эстрадаи тоҷик Шабнам Сурайё, Садриддин Наҷмиддин, Меҳрнигор Рустам, Пенҷӣ Анаев, Сафаргул Юсупова, Сарвиноз Юсуфӣ, Фахриддин Малик ва дигарҳо номбар шудааст.

Пештар ҳамаи овозхонони Тоҷикистон барои фаъолияти қонунӣ патент гирифта буданд, вале баъдтар аз пардохти андоз даст кашиданд, омадааст дар хабарномаи Кумитаи андоз.

Оғоз аз якуми янври соли 2013 мувофиқи Кодекси андози ҶТ намояндагони шоу-бизнес ҳар моҳ бояд ба буҷаи давлат 540 сомонӣ (беш аз 60 дулор) пардохт кунанд. Пештар нархи андоз дар мувофиқа бо даромади овозхон муайян мешуд.

Вале бархе аз ситораҳои эстрада даромади аслии худро аз давлат пинҳон карданд ва дар ин росто патент ҷорӣ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0