00:12 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.51
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
646 0 0

Дар Тоҷикистон китоби дигаре дар бораи ҳаёт ва фаъолияти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мунташир шуд

ДУШАНБЕ, 24 янв- Sputnik. Китоби "Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори давлатдории муосири тоҷик"-ро нашрияи "Контраст"-и пойтахт мунташир кардааст.

Муаллифони китоб соҳибкор  Абдуқаҳҳор Холов ва мушовири калони бахши ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода мебошад.

Дар китоб қайд карда мешавад, ки тамоми ҳодисаи тақдирсоз, дар тӯли 25 сол бо номи Эмомалӣ Раҳмон пайванд дорад.

Муаллифон, ба гуфтаи худашон боварӣ доранд, ки ин пажӯҳиш ба мардум, аз ҷумла ба ҷавонон имконият медиҳад,  дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сиёсии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон маълумоти зарурӣ пайдо кунанд.

Китб дар 500 нусха мунташир шудааст ва нусхаи он дар вебгоҳи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Товҷкистон ҷой дода шудааст.

"Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори давлатдории муосири тоҷик"-ро метавон аз мағозаҳои китобфурӯшии пойтахт пайдо кард. Ҳамчунин он ба тамоми донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ройгон тақсим карда мешавад.

Ба гуфтаи муаллифон, таърихшиносону дипломатон ва сиёсатшиносон аз ин мавод метавонанд ба таври васеъ истифода барнд.

Барчаспҳо:
китоб, сиёсат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ