Борону барф меборад: обуҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik Первый снег в Душанбе: мороз и новогоднее настроение
Первый снег в Душанбе: мороз и новогоднее настроение - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 25 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 25 янв- Sputnik.Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрии тағйирёбанда шуда, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят боридани барф дар назар аст. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0