Муовини Бег Сабур: NGN дар Тоҷикистон то бартараф кардани камбудиҳо қатъ мемонад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookБег Сабуров, архивное фото
Бег Сабуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Илҳомҷон Атоев мегӯяд, муштариёни NGN дар Тоҷикистон 1 миллион набуда, танҳо 34 ҳазор мебошанд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, NGN дар Тоҷикистон то бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошт ҳангоми истифодаи он қатъ мемонад.

Тавре муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев дар нишасти матбуотӣ қайд кард, теъдоди истифодабарандагони NGN дар Тоҷикистон 1 миллион набуда, балки танҳо 34 ҳазор аст.

Ҳамчунин, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сабабҳои боздошти истифодаи хизматрасонӣ аз шабакаи NGN-ро дар риоя нашудани якчанд талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ғайриимкон будани назорати зангҳо тавассути интернет, гузаштани зангҳо, истифодашавии рақамгузории маҳаллӣ барои зангҳои байналмилалӣ, пурра фароҳам наовардани шароит барои чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, риоя нашудани талаботи сифати алоқа, бе қайд ва шиноснома пайваст кардани муштариён ва пешгирии истифодаи хизматрасонӣ барои ҷалби ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистӣ рабт дод.

Илҳомҷон Атоев таъкид кард, ки то бартараф кардани чунин камбудиҳо истифода аз хизматрасонии "Шабакаи насли оянда" ё NGN дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ карда мешавад.

Имрӯз хабарнигорон аз додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон низ дар бораи ташкил шудани комиссияи вижаи ҳукуматӣ барои санҷиши то кадом дараҷа қонунӣ будани басташавии NGN дар Тоҷикистон пурсон шуданд.

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ҳоло ин масъаларо додситонӣ баррасӣ дорад, "агар басташавии он ғайриқонунӣ бошад, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд".

Лентаи хабарҳо
0