09:41 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Дастури Раҷаббой Аҳмадзода барои обод кардани оромгоҳи Рӯдакӣ

© Пресс-служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
390 0 0

Дар соли гузашта аз ин мавзеи таърихӣ зиёда аз 5 ҳазор гардишгарони хориҷиву дохилӣ зиёрат кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, ки чанде қабл раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷиканд оромгоҳи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат кард.

Дар гузориши дафтари матбуотӣ омадааст, зимни боздид ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки соли гузашта беш аз 5 ҳазор нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ барои зиёрати оромгоҳи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф овардаанд.

Гуфта мешавад, раиси вилояти Суғд ба масъулин дастур дод, ки ба ободии ин мавзеи таърихӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шавад.

"Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои боздид ба масъулин дастур дод, ки бо назардошти аз ҷониби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" барои ободонии мавзеи таърихӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба он аз имкониятҳои мавҷуда самарнок истифода намоянд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде пеш бо сафари корӣ дар минтақаи Зарафшон рафт. Ҳоло ӯ дар шаҳри Панҷикад қарор дорад.

Раиси вилоят пештар дар ин шаҳр ба масъулини соҳаи кишоварзӣ вазифа дод, ки фермаҳо ташкил карда, шумораи чорворо зиёд кунанд.

Барчаспҳо:
оромгоҳ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Панҷикад, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ