Тоҷикон ёди кобулиёни ҷонбохтаро гиромӣ доштанд

© © Иршад СулайманиВозложение цветов к Посольству Афганистана в Душанбе
Возложение цветов к Посольству Афганистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шуморе аз рӯзноманигорон ва кунишгарони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон бо роҳандозиӣ маросими гулгузорӣ назди Сафорати Афғонистон дар Душанбе ёди қурбониёни ҳамалоти интиҳории ахири Кобулро гиромӣ доштанд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар ин маросим ҳамчунин бархе аз кормандони сафоратҳои хориҷии мустақар дар Душанбе ва бошандаҳои пойтахти Тоҷикистон низ ширкат доштанд.

Рӯзноманигор Иршод Сулаймонӣ, яке аз роҳандозони ин маросим, ба намояндагӣ аз ҷомеъаи маданӣ ва расонаии Тоҷикистон куштаву захмӣ шудани мардуми Кобулро ба сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ ва мардуми Афғонистон таслият гуфт.

“Мо бар инем, ки мардуми сарбаланди Афғонистон сазовори ин ҳама хушунату ҷангу теруру қатлу ғорат нестанд ва сарзамини шеъру адабу фарҳангу муқовиматпарвари Афғонистон шоистаи ин ҳама манфиатхоҳиву ҷангҳои ниёбатӣ нест”, — гуфт вай дар ин маросим.

Сулаймонӣ гуфт, мо ҳаросафканиро аз ҳар идеулужӣ ва таълимоте, ки бархоста бошад, маҳкум мекунем ва бар инем, ки ҳеҷ идеулужие арзиши инро надорад, ки ҷони инсонҳои бегуноҳро бигирад.

Скорая помощь в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамла ба Донишгоҳи низомии маршал Фаҳим дар Кобул

Сафири Афғонистон низ дар ин маросим гуфт, ки ин амалиёти ҳаросафканӣ кори шуми хориҷиёнанд, ки бо номи Толибу ДОИШ ва дигару дигар ёд мешаванд.

Залмай Юнусӣ ҳамчунин гуфт, ки ҳарчанд мардуми Афғонистон дар ин шабу рӯз ғам доранд, вале боз ифтихори инро ҳам доранд, ки дар хатти аввали муборизаву ҷанг бо теруризм қарор доранд ва ин ҳама ҷаҳолатро дар ҷону тани худ таҷриба мекунанду минтақаву ҷаҳонро эман нигаҳ медоранд.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар паи ҳамлае, ки 27-уми январ дар Кобул сурат гирифт, 103 кас кушта ва 235 кас, аз ҷумла 23 пулис захмӣ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо ҷунбиши тундрави “Толибон” ба дӯш гирифт.

Ҳамчунин имрӯз бомдод ҳамлае дигар ба Донишгоҳи низомии маршал Фаҳим сурат гирифт, ки дар он 11 сарбоз кушта ва 16 тан захмӣ шуданд. Аз муҳоҷимон 4 кас кушта ва яке дастгир шудааст. Масъулияти ин ҳамларо “Давлати исломӣ” ба уҳда гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0