17:21 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Золото

Тоҷикистон ҷустуҷӯи тилло дар канораҳои рӯдҳоро барои шаҳрвандон озод мекунад

© Sputnik / Валерий Титиевский
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
144 0 0

Давлати Тоҷикистон пешнависи қонунеро омода карда, ки ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло дар канораҳои рӯдҳоро барои шаҳрвандони кишвар муҷоз мегардонад

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Раиси Дар ояндаи наздик ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло дар канораҳои рӯдҳои барои шаҳрвадони Тоҷикистон озод хоҳад шуд, гуфт раиси Идораи заминшиносии ҶТ Заробиддин Файзуллозода.

Вай гуфт, ки Вазорати молия пешнависи қонунеро омода карда, ки ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло дар канораҳои рӯдҳоро барои шаҳрвандони кишвар муҷоз мегардонад.

“Агар ин қонун тасвиб шавад, шаҳрвандон иҷоза хоҳанд ёфт дар канораҳои рӯдҳо тилло ҷустуҷӯ кунанд”, — гуфт Файзуллозода.

Вай ҳамчунин афзуд, ки Тоҷикистон барномарезӣ карда, ки ҷустуҷӯи кониҳои камёбро барои муайян кардани захоирашон аз сар бигирад.

Вале раиси Идораи заминшиносии ҶТ тавзеҳ дод, ки Тоҷикистон истихроҷи конҳои ураниумро аз сар нахоҳад гирифт.

Барчаспҳо:
тиллошӯӣ, зарҷӯӣ, Идораи заминшиносии ҶТ, Заробиддин Файзуллозода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ