20:46 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
123302

Гузоришгари бунгоҳи родюии Sputnik Галим Фасҳутдинов имрӯз зери чархи худраве монду ҷонашро аз даст дод

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Галим Фасҳутдинов соате пеш дар чаҳорроҳи наздики Бемористони №3 шаҳри Душанбе зери чархи худраве монду сахт захмӣ шуд.

Ӯро шитобон бемористон бурданд, вале ӯ ба ҳуш наомада аз дунё дар гузашт.

Галим Фасҳутдинов 45-сола ва яке аз шаҳрвандони тотортабори Тоҷикистон буд, ки солҳо бо шабакаҳои родютелевизюнии “Мир” ва “Голос России” дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард.

Вай чанд сол хабарнигори бахши русии родюи “Deutsche Welle” ва “Sputnik” дар Душанбе низ буд.

Ҳамкорону ҳампешагон аз марги нобаҳангоми Галим сахт андӯҳгин шуда бо наздикону пайвандонаш ҳамдардӣ мекунанд.

Худованд биёмурзадаш!

Барчаспҳо:
Sputnik, Галим Фасҳутдинов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ