00:02 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
123 0 0

Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 31 январ ҳаво дар саросари кишвар абрӣ шуда дар баъзе ҷойҳо барф меборад

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ пешбинӣ шуда дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ (туман) ва боридани барф дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, меғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард хоҳад шуд.

Ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, боридани барфу борон пешбинӣ карда мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат шабона 3-8 ва рӯзона 4-1 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани меғ дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, фаромадани меғ пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар пойтахт ҳаво софу беғубор шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ дар назар аст. Ҳарорат шабона 8-10 ва рӯзона 1-3 дараҷа сард хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
меғ мефарояд, боду ҳаво, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ