19:48 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.38
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
59620

Имрӯз дар Тоҷикистон заминларзаи шадиде рух додааст

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Дар ин бора сокинони маҳаллӣ дар интернет хабар додаанд.

Маълум шудааст, ки бештар заминҷунбӣ дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд эҳсос шудааст. Сокинон ин заминҷунбиро то 6 балл баҳогузорӣ кардаанд.

"Ин заминҷунбӣ бисёр шадид буд",-навиштааст корбаре аз Душанбе.

"Дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 31-уми январ соати 12:09 замин ҷунбид",- иттилоъ додааст, Ҳалим Ҷураев, дар гурӯҳи Хуҷанд дӯстат медорам.

Бино ба иттлоъи хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза 280 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир будааст.

Гуфта мешавад, ки қувваи заминларза дар марказ 5-6 балл будааст. Дар шаҳри Душанбе 3-4, дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 4-5 ва дар минтақаи Рашт 3 баллро ташкил додааст.

Хушбахтона заминларза дар қаламрави Тоҷикистон харобӣ ва талафоти ҷонӣдар пай надошт.

Барчаспҳо:
заминларза, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ