13:28 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Барф дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва пастшавии ҳарорат дар назар аст

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik.Имрӯз, 2 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, танҳо охири рӯз боридани барф пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 2-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, танҳо охирҳои рӯз боридани барф ва фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
сардшавии ҳаво, барф, Ожонси ҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ