ВУД: чор ниқобпӯш дар рӯзи равшан ва рӯирост манзилеро ғорат карданд

© SputnikДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муттаҳамон 135 ҳазор сомонӣ, ҷавоҳироти тиллоӣ ва 2 800 долларро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Тавре вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, дар ноҳияи Рӯдакӣ 4 тан дар рӯзи равшан ва ошкор ба манзили як сокини ноҳия даромада, даст ба ғоратгарӣ заданд.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 52-солаи сокини деҳаи Гулбутта муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми майи соли 2017, шахсони номаълуми ниқобпӯш ошкоро вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 135000-сомонӣ, ҷавоҳироти тиллоӣ ва 2800-доллари амрикоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар марди 23-сола, 1 нафар марди 29-солаи сокинони ноҳияи Восеъ ва 1 нафар марди 28-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир  шуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0