05:10 14 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Руҳуллоҳ Ҳакимзода дар рафти нишасти матбуотӣ

Раиси "Амонатбонк" гуфт, бонк то соли 2019 пурра аз қарз халос мешавад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
297 0 0

“Амонатбонк”-и Тоҷикистон қасд дорад то соли 2019 аз қарзҳои ба истилоҳ “мушкилсоз ва ақибафтода”-и худ ба таври комил халос шавад

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Руҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси бонки давлатии "Амонатбонк"-и Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтааст, мушкили пардохти пасандозҳо ва қарзҳо ҳамчунон вуҷуд дорад, вале ин бонк ба зудӣ ин мушкилро ҳал хоҳад кард.

Ҳакимзода ҳаҷми қарзҳои ақибафтодаи "Амонатбонк"-ро ҳудуди 20 дарсад аз кулли маҷмӯаи бидеҳиҳои ин бонк эълом ва изҳор дошт.

"Дар соли 2017 маблағи 613 миллион сомонӣ, аз ҷумла 430 миллион сомонӣ қарзҳои ақибафтода аз сӯйи ин бонк ба муштариён пардохт шуд",- изҳор дошт раиси бонк.

Ӯ афзуд, барои бозгардонидани пасандозҳо ва қарзҳо, "Амонатбонк" як дафтари доимӣ эҷод карда, ки шомили намояндагони Бонки Миллӣ низ ҳаст.

Ба гуфтаи вай, ин бонк як барномаи стратегӣ барои бозпардохти қарзҳои ақибафтода барои солҳои 2017-2019 рӯйи даст гирифта, ки бар асоси ин барнома то соли 2019 мушкили қарзҳои ақибафтода комилан ҳал шавад.

Тибқи оморе, ки "Амонатбонк" ироа кардааст, тавозуни супурдаҳо дар ин бонк дар поёни соли гузаштаи 2017 ба 2.9 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2016 афзоиши 30.4 дарсадӣ дошта ва саҳми пасандозҳо дар кулли мизони супурдаҳо 49 дарсад аст.

Барчаспҳо:
баргардонидан, қарз, "Амонатбонк", Рӯҳуллоҳ Ҳакимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ