06:36 24 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Роҳи барфӣ. Акс аз бойгонӣ

БДА ба ронандагон: ба минтақаҳои кӯҳӣ ва мушкилгузар сафар накунед

© REUTERS / Omar Sobhani
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
143 0 0

БДА ронандагонро аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳӣ огоҳ мекунад

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ҳушдори БДА дар равобити умумии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мунташир шудааст.

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи додаҳои Созмони обуҳавошиносӣ рӯзҳои 2-5 феврал пастшавии ҳарорати боду ҳаво ва боридани барф дар қаламрави кишвар дар назар аст.

"Дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ махсусан дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, Душанбе-ағбаи Кулма, Ваҳдат-Рашт-Лахш яхбандӣ ва эҳтимолияти фаромадани тарма дар назар аст", — омадааст дар хабарнома.

Ба диққати ронандагон расонида мешавад, ки тариқи ағбаҳо ва роҳҳои мошингарде, ки аз минтақаҳои мушкилгузари кӯҳистон мегузаранд, махсусан тариқи нақби "Истиқлол" ҳаракати воситаҳои нақлиётие, ки ду ё зиёда тирҳои пешбаранда доранд, инчунин автомашинаҳои боркашие, ки ядакҳои иловагӣ ва нимядакҳо надоранд ва бо лавозимотҳои эҳтиётӣ, аз он ҷумла, бо симтобаи кашолакунӣ, болиштаки зиддилағжиш ва дигар лавозимотҳо муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода мешаванд.

Ҳамчунин аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки безарурият ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд.    

Барчаспҳо:
тармафароӣ, барфрезӣ, огоҳӣ, БДА ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ