Меғ мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© SputnikТуман в Душанбе, архивное фото
Туман в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 5 феврал ҳаво дар саросари кишвар абрию тағйирёбанда мешавад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ пешбинӣ шуда дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ (туман) дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, фаромадани меғ пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Жители Кабула толкают машину, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
БДА ба ронандагон: ба минтақаҳои кӯҳӣ ва мушкилгузар сафар накунед

Ҳаво дар ВМКБ абрноки тағйирёбанда мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, фаромадани меғ дар назар дошта шудааст. Бод аз сӯи ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, фаромадани меғ пешбинӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда мешавад. Ҳаво шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0